Июн 22, 2019 14:41 Asia/Dushanbe
  • Дасти радди Лондон ба синаи Саудиҳо барои ҳамлаи низомӣ ба Эрон

Як мақоми баландпояи давлати Британия гуфт; Лондон Арабистони Судӣ ро барои ҳамлаи низомӣ ба Эрон напазируфтааст.

Пойгоҳи хабарии Медалист Ой и  Британя бомдоди шанбе ба нақл аз ин мақоми огоҳ,ки номаш зикр нашудааст,гузориш дод; яке аз мудирони иттилоотии Арабистон,ки  бо Одил Алҷубейр Вазир мушовири режими Саудӣ ба Британия сафар карда, аз Лондон хост то ҳамлаҳои маҳдудеро алайҳи ҳадафҳои низомии Эрон анҷом диҳад аммо давлати Британия ин дархостро рад кардааст.

Ин мақоми британиёӣ бо тасриҳ бар ин,ки Лондон на ба саудиҳо таҳвил дод,гуфт; мақоми арабистонӣ иддаоҳоеро бинобар нақши Эрон дар таркиши ду нафткаш дар дарёи Уммон матраҳ кард аммо мақомоти Британия таҳти таъсири ин иддаъо қарор нагирифтанд.

Ба гуфтаи ин мақоми британиёӣ, тарафи Саудӣ аёми охири ҳафта роҳии Фаластини ишғолӣ мешавад то ба дуруғҳои зидди Эронии худ бо мақомҳои режими Саҳюнистӣ ва Ҷон Бултон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед,ки ҳамзамон дар Фаластини ишғолӣ хоҳад буд, идома диҳад.

Ифшогарии Медалист Ой аз талоши Арабистон барои ҷангафрӯзӣ алайҳи Эрон дар ҳоле сурат мегирад,ки Одил Алҷубейр Рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии ИСКОЙ, муддаъӣ шуд Риёз талош мекунад то аз бурӯзи даргирӣ бо Эрон пешгирӣ кунад.

Барчасп