Трамп: аз Эрон ташаккур мекунам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44629-Трамп_аз_Эрон_ташаккур_мекунам
Трамп дар идомаи мавзеъгириҳои ҳар лаҳза дар ҳоли тағйираш дар бораи Эрон инбор аз ҷумҳурии исломӣ қадрдонӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2019 04:41 Asia/Dushanbe
  • Трамп: аз Эрон ташаккур мекунам

Трамп дар идомаи мавзеъгириҳои ҳар лаҳза дар ҳоли тағйираш дар бораи Эрон инбор аз ҷумҳурии исломӣ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҳадас, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе гуфт, аз Эрон барои ин ки ҳавопаймои сарнашиндори амрикоиро бар фарози тангаи Ҳурмуз сарнагун накард, қадрдонӣ мекунем.

Трамп гуфт, онҳо (эрониҳо) дар як тасмими хирадмандона ва оқилона ин корро анҷом надоданд ва мо аз онҳо сипосгузорем.

Раиси ҷумҳури Амрико бо ин ҳол ҳамчунин таҳдидҳои зиддии эронии худро такрор кард ва гуфт, Вашингтон дар масири иҷрои таҳримҳои бештар алайҳи Эрон барои пешгирӣ аз дастёбии ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ аст.

Як паҳподи ҷосусии Глубол-Ҳовки Амрико панҷшанбе 20 июн пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Эрон дар минтақаи куҳи Мубораки вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон ҳадафи падофанди ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Сардор сартип Амиралӣ Ҳоҷизода фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа гуфт, ҳамон лаҳзае, ки паҳподи ҷосусӣ раҳгирӣ шуд, ҳавопаймои дигаре бо номи P-8 низ бо ҳудуди 35 сарнашин наздики он дар ҳоли парвоз буд, ки метавонистем онро сарнагун кунем, аммо ин корро накардем.