Ниқоб аз чеҳраи Трамп канор рафт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44638-Ниқоб_аз_чеҳраи_Трамп_канор_рафт
Раисҷумҳури Амрико бо баёни ин ки ҳаргиз ҳамла ба Эронро ба сурати комил “лағв” накардааст, гуфт: феълан иҷрои онро мутаваққиф кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • Ниқоб аз чеҳраи Трамп канор рафт

Раисҷумҳури Амрико бо баёни ин ки ҳаргиз ҳамла ба Эронро ба сурати комил “лағв” накардааст, гуфт: феълан иҷрои онро мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ҳоле ки расонаҳои амрикоӣ пештар гузориш дода буданд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ҳамлаи талофиҷӯёна ба Эронро лағв карда буд, аммо вай ин гузоришҳоро такзиб кард.

Трамп, ки пештар “жести инсондӯстона” гирифта ва гуфта буд, ба далели ин ки чандин нафар дар ҳамла ба Эрон кушта мешуданд, амалиётро лағв кардааст. Аммо бомдоди якшанбе дар Твиттери худ навишт: “Ман ҳаргиз ҳамла алайҳи Эронро “лағв” накардам”.

Вай бо радди гузориши расонаҳо ва изҳороти мақомоти мухталифи амрикоӣ, мабнӣ бар ин ки ҳамла ба Эрон ба сурати комил лағв шуда, чеҳраи воқеии худро ин гуна нишон дод: “Ман фақат иҷрои онро дар замони кунунӣ мутаваққиф кардам”.

Image Caption

 

Раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар Твиттери худ муддаӣ шуда буд, 10 дақиқа қабл аз ҳамла ба се сомона дар Эрон, ба далели ин ки 150 нафар ҷони худро аз даст медоданд, ин амалиётро лағв кардааст.

Иддаои Трамп дар хусуси таваққуфи ҳамла ба Эрон, даҳ дақиқа пеш аз оғози он воқеӣ ба назар намерасад. Бархе таҳлилгарони низомӣ пас аз сарнагунии ПАҲПОД-и пешрафтаи амрикоӣ ҳушдор дода буданд, ки бо исботи тавони падофандии Эрон, муодилот баҳам рехта ва Вашингтон бояд ҳар гуна тарҳ барои иқдоми эҳтимолии низомӣ алайҳи Эронро мавриди бознигарӣ қарор диҳад.

Аз дигар сӯ, Вашингтон огоҳ аст, ки ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон бидуни посух нахоҳад монд ва эҳтимол дорад нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа дар сурати анҷоми чунин тааррузе, беш аз 150 нафар кушта диҳанд. Трамп ба хубӣ огоҳ аст, ки бозгашти тобути сарбозони амрикоӣ ба Амрико ба эҳтимоли зиёд ба шикасти ӯ дар интихоботи 2020 хоҳад анҷомид.

Ба назар мерасад, раисҷумҳури Амрико бо паёми твиттерии ахир талош карда тавҷеҳе барои нотавонии давлаташ дар мувоҷеҳа бо тавонмандии низомии Эрон битарошад.

Раисҷумҳури Амрико дар ҳоле аз дилсӯзӣ барои 150 эронӣ сухан мегӯяд, ки давлаташ дар ҷараёни зилзилаи ҳавлноки Кирмоншоҳ бо ҳушдор дар бораи ҷорӣ будани таҳримҳои Амрико, монеи кумакрасонии эрониҳои муқими хориҷ аз кишвар ба ҳамватанонашон шуда буд. Ӯ дар ҷараёни сели ахир низ барои созмонҳои имдодрасон мушкилоти фаровоне эҷод карда буд.

Трамп ҳамчунин то кунун чандин бор ҳам дар суханоне тавҳиномез, мардуми Эронро “миллати террорист” хитоб кардааст.

Ин иттифоқот пас аз он аст, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар иттилоияе эълом кард, ки як фарванд ПАҲПОД-и ҷосусии “Тритон МQ-4”-и мутааллиқ ба Нерӯи дарёии Амрикоро баъд аз таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Эрон бар фарози устони Ҳурмузгон, бо истифода аз сомонаи падофанди мушакии “Севуми хурдод” соқит кардааст.