“The Guardian”: Амрикоиҳо як аҳмақи хатарнокро ба унвони раисҷумҳур интихоб кардаанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44645-the_guardian_Амрикоиҳо_як_аҳмақи_хатарнокро_ба_унвони_раисҷумҳур_интихоб_кардаанд
Рӯзномаи “The Guardian” дар сармақолаи имрӯз – якшанбе, дидгоҳҳои худ дар бораи шиддат гирифтани танишҳо бар сари Эронро иброз карда ва навиштааст: “Амрикоиҳо дар соли 2016 бо интихоби як фарди аҳмақ хатарнок ба унвони раисҷумҳур, муртакиби бузургтарин иштибоҳ шудаанд”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2019 15:34 Asia/Dushanbe
  • “The Guardian”: Амрикоиҳо як аҳмақи хатарнокро ба унвони раисҷумҳур интихоб кардаанд

Рӯзномаи “The Guardian” дар сармақолаи имрӯз – якшанбе, дидгоҳҳои худ дар бораи шиддат гирифтани танишҳо бар сари Эронро иброз карда ва навиштааст: “Амрикоиҳо дар соли 2016 бо интихоби як фарди аҳмақ хатарнок ба унвони раисҷумҳур, муртакиби бузургтарин иштибоҳ шудаанд”.

Ин рӯзнома навиштааст: “Ба Доналд Трамп борҳо ҳушдор дода шуд, ки сиёсати ситезаҷӯёнаи “фишори ҳаддиаксарӣ” алайҳи Эрон ва доман задан ба танишҳои низомӣ ва иқтисодӣ хатари эҷоди ҷанг бар асари тасодуфро дар пай дорад. Ҳафтаи гузашта хатоҳои муҳосиботӣ он тавр, ки муддатҳо интизораш мерафт, билохира иттифоқ афтоданд ва зарфи чанд соат ба тарзи ҳавлнок дунё дар остонаи ҷанг қарор гирифт. Ҳар ду тараф муртакиби иштибоҳоте шуданд, агарчӣ тақсири фармондеҳони амрикоӣ зоҳиран бештар аст, аммо бузургтарин иштибоҳ дар соли 2016 иттифоқ афтод, ки амрикоиҳо як аҳмақи хатарнокро ба унвони раисҷумҳур интихоб карданд”.

“The Guardian” бо баёни ин ки танишҳо бо шиллики Эрон ба як ПАҲПОД-и амрикоӣ ба авҷ расид навиштааст, Пентагон баъд аз ин ҳодиса иддао кард, ПАҲПОД-и мавриди назар ҳини парвоз бар фарози обҳои байналмилалӣ сарнагун шудааст, дар ҳоле ки тарафи эронӣ мегӯяд, ин ҳавопаймо баъд аз вуруд ба ҳарими ҳавоии Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Рӯзномаи “The Guardian” дар идома, дар хусуси муноқишаи Эрон ва Амрико дар хусуси маҳалли ҳадаф қарор гирифтани ин ПАҲПОД изҳор дошта, ки тасовире, ки Пентагон аз масири парвози ПАҲПОД-и “Глобал Ҳаук” ироа кардааст, иштибоҳ будаанд. Тасовири ироашуда тавассути Пентагон аз масири ин ПАҲПОД, тавсифи нодурусте аз масири парвози ин ҳавопаймо ироа кард”.