Афғонистон диишиҳои таслимшударо муҳокима накардааст
Давлати Афғонистон 200 ҷангҷӯи дииширо, ки соли гузашта онҳоро пас аз таслим шудан аз муҳосираи Толибон наҷот дода буд, ҳанӯз муҳокима накардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, пас аз шикоёти густурдаи мардумӣ дар шимоли Афғонистон, Толибон соли гузашта амалиёти бузургеро алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ ба роҳ андохт, ки дар ин амалиёт даҳҳо диишӣ кушта шуданд ва шумори бисёре низ ба асорати Толибон омаданд, аммо Мавлавӣ Ҳабибурраҳмон, саркардаи ин гурӯҳи террористӣ ҳамроҳ бо 200 нафар аз ҷангҷӯёнаш, ки дар муҳосираи Толибон қарор доштанд, ба давлати Афғонистон таслим шуданд.
Дар натиҷа болгардҳои давлатӣ низ ба кумаки ин гурӯҳи террористӣ шитофтанд ва ҷангҷӯёни дииширо аз муҳосираи Толибон наҷот доданд ва ба меҳмонхонаи раёсати амнияти миллӣ дар Ҷузҷон мунтақил карданд.
Пас аз таслими террористҳои ДИИШ ба нерӯҳои давлатӣ, Муҳаммадризо Ғафурӣ, сухангӯи волии Ҷузҷон ба “Рейтер” гуфт, ки аъзои ДИИШ ба далели мушорикат дар раванди сулҳ ба мақомоти қазоӣ муаррифӣ нахоҳанд шуд.
Дар пайи ин изҳори назар, садҳо нафар аз мардум бо таҷаммуъ дар баробари сохтмони вилояти Ҷузҷон, хостори муҳокимаи афроди ДИИШ шуданд.
Ҳоло бо гузашти беш аз як сол аз ин мавзуъ, манобеи хабарӣ эълом кардаанд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамчунон дар боздошти раёсати амнияти миллии Афғонистон ба сар мебаранд ва барои муҳокима ба ниҳодҳои қазоии ин кишвар таҳвил нашудаанд.
Рӯзномаи “Мондагор”, чопи Кобул навишт: “Дар маҷмуъ 400 диишӣ, аз ҷумла 130 табааи хориҷии ин гурӯҳи террористӣ дар марокизи боздоштии раёсати амнияти миллии Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳазорон ғайринизомӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон аз бими ДИИШ ва ҷиноятҳои он маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.