Июн 25, 2019 14:52 Asia/Dushanbe
  • Аврупо: ба БАРҶОМ пойбандем

Фаронса, Олмон ва Британия душанбешаб пас аз нишасти ғайриалании Шурои амнияти ин созмон дар бораи сарнагунии паҳподи ҷосусии Амрико дар баёнияе муштарак дубора эълом карданд, ки ба БАРҶОМ пойбанд ҳастанд.

Ба нақл аз ИРНО, намояндагони Фаронса, Олмон ва Британия дар Созмони Миллали Муттаҳид дар баёнияе муштарак бар пойбандии кишварҳояшон ба иҷрои комили қатъномаи 2231 Шурои амният ва ҳифзи БАРҶОМ  таъкид ва тасреҳ карданд, ки БАРҶОМ барои коҳиши танишҳо дар минтақа ва ҳифзи суботи ҷаҳон лозим аст.

Намонядагони Фаронса, Олмон ва Британия дар ин баёния муддаӣ шуданд, ки кишварҳояшон барои иҷрои комили қатъномаи 2231 Шурои амният ба сахтӣ кор мекунанд.

Фаронса, Олмон ва Британия баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд.

Ин кишварҳо ба рағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико токунун мувафақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Се кишвари аврупоӣ дар баёнияе нигаронии амиқи худро аз афзоиши танишҳо дар Халиҷи Форс низ иброз дошта ва эълом карданд ин танишҳо пас аз сарнагунии паҳподи ҷосусии амрикоӣ тавассути Эрон афзоиш ёфтааст.

Нишасти душанбешаби Шурои амният барои баррасии масъалаи сарнагунии паҳподи ҷосусии амрикоӣ, ки бо фишори Вашингтон баргузор шуд бидуни ҳеҷ натиҷае поён ёфт.

Ин нишасти ғайриаланӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки бо фишори Амрико намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллал натавонист дар он ширкат кунад.

Маҷиди Тахтиравончӣ намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал дар ҳошияи ин нишаст бо таъкид бар ин ки иқдоми Теҳрон дар сарнагун кардани паҳподи мутаҷовизи амрикоӣ бар асоси қавонини байналмиллалӣ будааст таъкид кард, тибқи модаи 51 Маншури Миллали Муттаҳид иқдоми Эрон "дифои машруъ" аст.

Дар нахустин сооти бомдоди рӯзи панҷшанбе як паҳподи ҷосусии Глубол Ҳавки Амрико пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Эрон дар минтақаи ру ба руи куҳи Мубораки вилояти Ҳурмузгон ҳадафи оташи падофанди неруи ҳаво фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Барчасп