Июн 27, 2019 09:27 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳури Чин ба Жопон

Раиси ҷумҳури Чин субҳи имрӯз панҷшанбе ба манзури ширкат дар Иҷлоси сарони кишварҳои узви гуруҳи 20 дар Жопон, Пекинро ба мақсади Токио тарк кард.

Ба гузориши ИРНО, нишасти сарони гуруҳи 20 рӯзҳои ҷумъа ва шанбе (28 ва 29 июн) дар шаҳри Осакаи Жопон баргузр хоҳад шуд.

Дар сафари серӯзаи Ши Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин ба Жопон  қарор аст вай бо ҳамтоёни худ дар заминаҳое монанди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорат, энержӣ ва муҳити зист дидор ва гуфтугӯ кунад.

Яке дигар аз барномаҳои раиси ҷумҳури Чин дар сафар ба Жопон дидорҳои дуҷонибаи вай бо раисони ҷумҳури кишварҳои дигар аз ҷумла Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аст.

Гуруҳи 20 шомили 19 кишвари Канада, Олмон, Италия, Жопон, Русия, Британия, Амрико, Чин, Арабистони саудӣ, Индонезия, Австралия, Туркия, Бразилия, Аргентина, Ҳинд, Кореяи ҷанубӣ, Африқои ҷанубӣ ва Мекзика ба иловаи Иттиҳодияи Аврупо ба унвони бистумин узви ин гуруҳ аст.