Июн 28, 2019 19:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти сарони Ҷи 20 дар Ҷопон

Чорумин нишасти сарони Ҷи 20 субҳи имрӯз ҷумъа дар сояи ихтилофҳои тиҷории Амрико бо бархе кишварҳои узви нишаст дар шаҳри Osaka дар ғарби Ҷопон оғоз шуд.

Таҳавулоти ғарби Осиё, ҷанги тиҷории Амрико бо Чин ва Ҳинд, масоили ҳастаии шибҳи ҷазираи Карея ва тағироти обу ҳавоӣ аз меҳварҳои муҳими ин иҷлоси ду рӯза ба раёсати Оба Шинзу Нахуствазири Ҷопон аст.

Амрико, Фаронса , Олмон, Чин, Русия, Индонезия, Туркия, Аргентина Ҳинд, Африқои ҷанубӣ, Англия, Италия, Ҷопон, Арабистон, Австралия, Бразилия, Канада Кареяи ҷанубӣ, Мексика ва Иттиҳодияи Аврупо аъзои гурӯҳи 20 ро ташкил медиҳад.

Вазирони иқтисодӣ ва масулони Бонкҳои марказии ин кишварҳо низ дар гурӯҳи 20 ҳузур доранд.

Гурӯҳи 20 85 дар сади иқтисоди ҷаҳон ро дар ихтиёр дорад.

Ин гурӯҳ дар соли 1999 бо  ҳадафи мушорикат додани қудратҳои иқтисодӣ ва навзуҳур дар мубоҳисоти марбут ба иқтисоди ҷаҳонӣ ташкил шудааст.

Барчасп