Ифшои муҳтавои санади пешниҳодии Арабистони Саудӣ дар бораи Яман
(last modified Thu, 21 Jul 2016 04:20:14 GMT )
Июл 21, 2016 09:20 Asia/Dushanbe
  • Ифшои муҳтавои санади пешниҳодии Арабистони Саудӣ дар бораи Яман

Манобеи дипломатии ғарбӣ рӯзи чаҳоршанбе муҳтавои санаде, ки Арабистони Саудӣ дар бораи Яман дар ихтиёри Исмоил Шайх Аҳмад, намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Яман қарор дод, фош карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, ин санад шомили ду бахш аст, ки бахши аввали он дар Кувейт ва бахши дувуми он дар Макка имзо мешавад.

Ба гуфтаи манобеи ғарбӣ, ҳадафи Арабистон аз имзои бахши дувуми ин санад дар Макка, таъини нахуствазир дар хоки ин кишвар ва бо назорати Арабистон аст.

Бар асоси ин гузориш, бахше аз ин санад, ки дар Кувайт қарор аст. имзо шавад, шомили барқарории оташбаси комил ва фарогир дар Яман аст ва банди дувуми ин тавофуқнома шомили ташкили кумитаҳои низомӣ аст, ки бар сари он тавофуқ шудааст.

Дар ин тавофуқ ҳамчунин ба озодии ҳамаи зиндониён ва асирон аз ҷумла касоне, ки асомиашон дар қатъномаи 2216 омадааст, ишора шудааст.

Бозгушоии ҳамаи гузаргоҳҳо барои расондани кумакҳои инсонӣ ва таъмини эҳтиёҷоти асосии мардуми Яман, аз ҷумлаи мавориди ишора шуда дар тавофуқномаи ёдшудааст.

Бар асоси ин гузориш, як кумитаи байналмилалӣ муташаккил аз аъзои доими Шӯрои амният ва кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс бо ҳадафи тазмини иҷрои тавофуқнома ва назорат бар раванди он ташкил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манобеи дипломатии ғарбӣ эълом карданд, ки ҳайати миллии Яман зимни мухолифат бо тарҳи Арабистони Саудӣ, бар зарурати дастёбӣ ба тавофуқномае фарогир дар Кувайт таъкид кард.

 

Ин ҳайат ҳамчунин бар зарурати тазмини иҷрои тавофуқи хуруҷи Яман аз фасли 7-уми маншури Созмони милал ва лағви таҳримҳо алайҳи ин кишвар таъкид кардааст.