Июл 01, 2019 18:04 Asia/Dushanbe

Шумори қурбониёни инфиҷорҳои террористии субҳи имрӯз дар маркази Кобул ба беш аз 34 тан расидааст.

Ба гузориши хабаргузории СИНҲУА, бар асари инфиҷорҳои паёпайи субҳи имрӯз дар минтақаи дипломатнишини “Вазир Акбархон”-и Кобул, наздики сохтмони Вазорати дифоъ, мақарри фармондеҳии НАТО, телевизиони “Шамшод” ва Маркази пуштибонии артиши Афғонистон ҳаддиақал 34 тан ҷон бохтанд ва ҳудуди ҳафтод нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Ағлаби кушта ва захмиҳои ин ҳамалоти террористӣ ғайринизомӣ ва кӯдак ҳастанд, ки аз он ҷумла метавон ба захмӣ шудани беш аз 50 донишомӯзи як мадраса ишора кард.

Пас аз вуқӯи панҷ инфиҷори пайдарпай, пахши барномаҳои шабакаи телевизионии “Шамшод” низ қатъ шуд ва занги ҳушдори амниятии Сафорати Амрико ба садо даромад.

Дирӯз низ бар асари инфиҷор дар шаҳри Қандаҳор, ҷануби Афғонистон 9 тан кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.

Толибон масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифта ва ҳадафи худро нерӯҳои амниятии Афғонистон эълом кардааст.

 

Барчасп