Июл 02, 2019 16:29 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Эрдуғон бо тарҳи муомилаи қарн

Раисҷумҳури Туркия эълом кард, ҳаргиз аз тарҳи амрикоӣ – саҳюнистии муомилаи қарн барои ҳалли масъалаи Фаластин ҳимоят нахоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки барои ширкат дар нишасти "Гурӯҳи 20" ба Ҷопон сафар карда буд, ҳангоми тарки ин кишвар ба мақсади Чин дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, барои Туркия рӯйкарди мусбат ба тарҳи америкоӣ – саҳюнистии муомилаи қарн дар бораи Фаластин муҳол аст.

Вогузории Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ, мамониат аз бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзаминшон ва маҳдуд кардани сарзамини Фаластин ба Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазза аз мафоди тарҳи амрикоӣ – саҳюнистии муомилаи қарн аст.

Раисҷумҳури Туркия имрӯз ба манзури анҷоми дидори расмӣ аз Чин вориди Пекин шуд.

 

Барчасп