Таъкиди гузоришгари вижаи Созмони Миллал бар таҳрими Арабистон
Агнес Калламард гузоришгари вижаи Созмони Миллал дар умури эъдомҳои хориҷ аз чорчуби қазоӣ рӯзи сешанбе дар андешкадаи амрикоии Брокингз таҳрими технологии Арабистони саудиро ба хотири қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ хостор шуд.
Ба нақл аз ИРНО, Калламард афзуд, бояд фуруши технологиҳое, ки имкони шиносоии шаҳрвандони Арабистонро медиҳад ба давлати ин кишвар мамнуъ шавад.
Вай гуфт, дар посух ба қатли Хошуқҷӣ таҳримҳо бояд шомили давлати саудӣ шавад ва на 17 нафаре, ки аз сӯи давлати Амрико таҳрим шуданд.
Гузоришгари вижаи Созмони Миллал дар умури эъдомҳои хориҷ аз чорчуби қазоӣ афзуд, пас аз инки мо давлати саудиро масъули қатли Хошуқҷӣ мушаххас кардем гоми мантиқии баъдӣ ин аст, ки шахси масъули ин қатл дар занҷираи масъулони саудӣ мушаххас шавад.
Вай гуфт, муҳокимаи ҷиноӣ дар Арабистони саудӣ аз стандардҳои матлубе бархурдор нест ва дар пушти дарҳои баста баргузор мешавад.
Калламард ҳамчунин гуфт, иттилооти кофӣ вуҷуд дорад, ки мақомҳои саудӣ пеш аз ин ки ба мақомҳои Туркия барои вуруд ба маҳалли қатли Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбул иҷоза диҳанд маҳалли ҷиноятро поксозӣ карда буданд.
Калламард ҳафтаи гузашта низ дар гузорише раҳбарони Арабистон аз ҷумла Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди Арабистонро масъули аслии қатли ин рӯзноманигор донист.
Хошуқҷӣ рӯзноманигори 59 сола ба унвони мунтақиди ҳайати ҳокимаи саудӣ аввалҳои тирамоҳи гузашта як ҳафта пас аз он ки аз мақомҳои саудӣ ба хотири сукут дар баробари иҳонатҳои раиси ҷумҳури Амрико интиқод карда буд дар сохтмони Арабистон дар Истанбул ба қатл расид.
Хошуқҷӣ пештар низ дар силсила мақолоте дар рӯзномаи Вашингтон Пости Амрико аз сиёсатҳои Арабистон дар бораи буҳрони Қатар қатъи равобит бо Канада ҷанг алайҳи Яман ва бархурди мақомоти саудӣ бо расонаҳо ва фаолони маданӣ ба вижа мудофиони ҳуқуқи башар интиқод карда буд.