Генерал Дустум: Ваъдаҳои дурӯғини сулҳро намепазирем
(last modified Wed, 03 Jul 2019 10:48:43 GMT )
Июл 03, 2019 15:48 Asia/Dushanbe
  • Генерал Дустум: Ваъдаҳои дурӯғини сулҳро намепазирем

Генерал Дустум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон гуфт, сулҳ бо гадоӣ ба даст намеояд ва нишастҳое, ки дар ин мавзуъ баргузор мешавад, ваъдаҳояш дурӯғин аст.

Ба гузориши ИРНА, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон шомгоҳи душанбе дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ афзуд6 “Мо ҳукумати иморатӣ намехоҳем ва агар иҷоза дода шавад, интиқоми хуни шаҳрвандонамонро аз Толибон мегирем”.

Абдуррашид Дустум бо ишора ба инфиҷорҳои ахир дар Кобул афзуд, кишварҳои Русия, Покистон, Амрико ва Арабистон бидонанд, ки Толибонро шикаст медиҳем.

Вай таъкид кард, Толибон дар муҳосираи нерӯҳои ӯ қарор доранд ва наметавонанд аз шимоли кишвар хориҷ шаванд.

Ҳамзамон бо ҳафтумин даври музокироти сулҳ миёни намояндагони Амрико ва Толибон дар Доҳаи Қатар, рӯзи гузашта ҳамлакунандагони интиҳорӣ сохтмони тадорукоти дифои миллии Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Дар ин ҳамла беш аз 100 нафар маҷруҳ шуданд, ки 50 тан аз онон донишомӯз буданд.

Гуфта мешавад ин ҳодиса 34 кушта низ бар ҷой гузоштааст.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.