Июл 03, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав дар бораи иттиҳоми мудохила дар интихоботи 2020-и Амрико

Муовини вазири умури хориҷаи Русия хитоб ба қонунгузорони амрикоӣ гуфт, Маскав аз ҳамакнун ҳар гуна мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаи Амрикоро рад мекунад.

Ба навиштаи ҳафтаномаи “Нюсвик”, Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия тайи ҳушдоре ба қонунгузорони Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, иттиҳомзании мукаррар ба Маскав дар хусуси мудохила дар интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар осебҳои ҷиддӣ дар равобити дуҷониба эҷод мекунад.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд, вазъияти куллии равобит миёни Амрико ва Русия рӯ ба беҳбуд нест.

Рябков идома дод, Амрико вориди марҳалаи маъракаи интихоботӣ шудааст ва дар ҳоли ҳозир ин маърака дар ҳоли баргузорӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба эҳсосоти зиддирусии ғолиб байни сарони Амрико, ба хусус дар давлат, наметавонем пасзаминаи хушояндтаре дар хусуси таърифи вазоиф тавассути раисҷумҳур (Амрико) интизор дошта бошем.  

Сергей Рябков иддаоҳои пешин мабнӣ бар мудохилаи Русия дар интихоботи 2016 –и Амрикоро низ беасос хонд. Кремл пештар низ борҳо иддаои мудохила ва ҳак кардани маъракаи интихоботии марбут ба интихоботи риёсатҷумҳурии 2016 ва интихоботи миёндавраии Менати Амрико дар соли 2018-ро рад кардааст.

 

 

 

Барчасп