Июл 03, 2019 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳомид Карзай: Амрико ҳомии терроризм дар Афғонистон аст

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, Амрико ҳомии терроризм дар Афғонистон аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳомид Карзай рӯзи чаҳоршанбе кишварашро қурбонии терроризме донист, ки бо кумакҳои молӣ ва иттилоотии Амрико рушд кардааст.

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳузури густурдаи сиёсӣ, низомӣ ва иттилоотии Амрико дар Афғонистонро гувоҳи ошкори гуфтаҳои худ донист ва гуфт, тақвияти фаъолиятҳои сулҳталбона ва бумӣ сохтани раванди сулҳ , метавонад ба ҷанг ва даргирии тӯлонӣ дар ин кишвар поён диҳад.

Ин суханони Ҳомид Карзай вокунише ба гуфтаҳои ахири раисҷумҳури Амрико буд.

Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии “Фокснюс”, аз Афғонистон ба унвони “озмоишгоҳи терроризм” ном бурда буд.

Ҳузури 18 солаи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон на танҳо барои мардуми ин кишвар амният наёвардааст, балки ҳар рӯз бар шиддати ноамнӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар афзуда мешавад.

 

Барчасп