Куба таҳримҳои ҷадиди Амрикоро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44911-Куба_таҳримҳои_ҷадиди_Амрикоро_маҳкум_кард
Вазири умури хориҷаи Куба, таҳримҳои ҷадиди Амрикаро ба унвони иқдоми мудохилаҷӯёнаи ғайриқонунӣ маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 04, 2019 13:28 Asia/Dushanbe
  • Куба таҳримҳои ҷадиди Амрикоро маҳкум кард

Вазири умури хориҷаи Куба, таҳримҳои ҷадиди Амрикаро ба унвони иқдоми мудохилаҷӯёнаи ғайриқонунӣ маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Russia Today”, Бруно Родригес, вазири умури хориҷаи Куба рӯзи панҷшанбе (ба вақти маҳаллӣ) дар “Твиттер” навишт, Амрико ҳаққ надорад таҳримҳои якҷонибаро алайҳи ширкатҳои кубоӣ ё ҳар кишвари дигаре, ки бо Венесуэла ҳамкории тиҷорӣ дорад, эъмол кунад.

Вазири умури хориҷаи Куба афзуд, ин таҳримҳо нақзи қонуни байналмилалӣ, усули танзимкунандаи тиҷорат ва ҳаҷмае ба кишварҳои дорои ҳокимияти мустақил аст.

Ҷон Болтон, мушовири амниятии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба тозагӣ эълом кард, ки Вазорати хазонадории ин кишвар ширкати давлатии содирот ва воридоти нафти Куба мавсум ба "Кубомтолиз"-ро ба хотири идомаи воридоти нафтияш аз Венесуэла таҳрим кардааст.

Болтон таъкид кард, ки Амрико ба талошҳои худ барои қатъи равобит миёни Куба ва Венесуэла, идома хоҳад дод.

Давлати Доналд Трамп, авохири январи 2019 низ дар ҳимояти аз Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифони вобаста ба Амрико Ширкати миллии нефти Венесуэларо таҳрим ва даромадҳои тиҷорати нефти ин кишварро масдуд кард.

Каракас зимни ғайриқонунӣ хондани ин таҳримҳо, онҳоро баҳонае барои дастёбӣ ба захоири нефтии Венесуэла унвон кард.