Июл 08, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Зиёдагӯии ҷадиди Трамп: Эрон беҳтар аст муроқиб бошад! + видео

Трамп дар вокуниш ба иқдоми ҷадиди Эрон дар чорчӯби коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ гуфт, Эрон бояд бештар муроқиб бошад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба иқдоми ҷадиди Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ гуфт, Эрон бояд бештар муроқиб бошад.

Доналд Трамп сооте баъд аз ин ки Эрон эълом кард, сатҳи ғанисозии ураниюми худро афзоиш медиҳад, дар изҳороте дар шаҳри Морристаун дар Нюҷерси хитоб ба Эрон гуфт: “Беҳтар аст муроқиб бошед, зеро шумо ба як далел ғанисозӣ мекунед ва ман ба шумо нахоҳам гуфт, ки он далел чист, зеро хуб нест!”

Трамп дар идомаи газофагӯиҳояш афзуд, Эрон ҳаргиз ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт. Эрон иқдомоти бади зиёде анҷом медиҳад ва беҳтар аст бо эҳтиёти бештаре рафтор кунад!

Пеш аз ин Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико дар паёме ба иқдоми Теҳрон барои убур аз маҳдудияти ғанисозии ураниюм вокуниш нишон дод ва муддаӣ шуд, ин амр ба зарари Эрон хоҳад буд ва тавсеаи барномаи ҳастаӣ ба инзиво ва таҳримҳои бештар мунтаҳӣ хоҳад шуд.

Бо хуруҷи Амрико аз БарҶом ва ваъдаҳои пучи Аврупо, Эрон гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти худро дар БарҶом иҷро карда ва аз имрӯз ғанисозии беш аз 3.67 дарсадро дар дастури кор қарор додааст.

 

Барчасп