Июл 09, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал: ним миллион яманӣ ба вабо мубтало шуданд

Фарҳон Ҳақ муовини сухангӯи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид душанбешаб дар гузорише аз Яман эълом кард, ки ҳудуди ним миллион яманӣ имсол (2019) ба бемории вабо мубтало шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Анатолии Туркия аз Санъо, Фарҳон Ҳақ дар нишасти хабарӣ гуфт, шумори мубталоён ба бемории вабо имсол ба 460 ҳазор нафар расида, ки дар муқоиса бо соли гузашта, ки шумори мубталоёни 380 ҳазор нафар буд, афзоиш доштааст.

Вай афзуд, то кунун 705 нафар бар асари ибтило ба вабо дар Яман ҷони худро аз даст доданд.

Муовини сахунгӯи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид изофа кард сели ахир дар Яман ва набуди оби ошомидании солим аз авомиле ҳастанд, ки ба шиюи вабо дар ин кишвар суръат бахшидааст.

Фарҳон гуфт, имсол барои иҷрои барномаҳои башардустона дар Яман барои ҳудуди бист миллион тона аз шаҳрвандони ин кишвар ба 4.2 миллиард доллар кумаки хориҷӣ ниёз аст.

Пештар ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони Миллал дар Яман гуфта буд, ин кишвар бо бадтарин буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон ру ба ру аст, чаро ки наздик ба 80 дарсади ҷамъияти 24 миллиону яксаду ҳазор нафарии он камаш ба яке аз анвои кумакҳои инсонӣ ва ҳимоят ниёз доранд.

Арабистон ва Аморот бо ҳимояти чанд кишвари дигар аз ҷумла Амрико аз се солу ним пеш бо ҳадафи бозгардодани раиси ҷумҳури мустаъфо ва дастнишондаи Яман ба қудрат, ҳамалоти густардаеро алайҳи ин кишвар оғоз карданд.

Ҷанг алайҳи Яман токунун ҳазорон кушта бар ҷой гузошта ва миллион яманиро бо буҳрони шадиди гуруснагӣ ва қаҳтӣ ру ба ру кардааст, ба гунае, ки Созмони Миллали Муттаҳид дар гузорише қаҳтӣ дар ин кишварро бузургтарин фоҷеаи инсонӣ номидааст.

Барчасп