Мухолифати Олмон бо эъзоми низомиёни ин кишвар ба Сурия
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чорчӯби ваъдаҳои интихоботии худ, дар декабри соли 2018 эълом кард, ки нерӯҳои амрикоиро аз Сурия хориҷ мекунад. Бо ин ҳама, вай ночор ба таҷдиди назарҳое дар ин замина шудааст.
Давлати Трамп мекӯшад то муттаҳидони аврупоии Вашингтонро низ вориди арсаи Сурия кунад. Ин масъала бо мухолифати онҳо рӯ ба рӯ шудааст.
Дар ин росто, давлати Олмон бо дархости Амрико дар хусуси эъзоми низомиёни он кишвар ба Сурия барои ширкат дар эътилофи амрикоии ба истилоҳ зидди ДИИШ мухолифат кард.
Штефан Зеберт, сухангӯи давлати Олмон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки ин кишвар ҳеҷ нерӯе дар хоки Сурия надорад ва намехоҳад ин сиёсатро тағйир диҳад.
Зеберт бо ишора ба маҳдуд будани мушорикати Олмон дар ҳамкорӣ бо Амрико дар ҷанги Сурия гуфт, Берлин мухолифи эъзоми низомиёни олмонӣ ба Сурия ба баҳонаи ҷанг бо террористҳо аст. Чунончӣ давлати Олмон бихоҳад ба иқдомоти худ дар чорчӯби эътилофи зидди ДИИШ идома диҳад, эъзоми нерӯи заминӣ ҷузви ин иқдомот нахоҳад буд.
Вокуниши Берлин дар пайи эъломи хостаи Амрико дар бораи ҳузури низомиёни олмонӣ дар Сурия анҷом гирифт.
Ҷеймс Ҷефрей, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар бораи Сурия дар дидоре, ки ахиран аз Берлин дошт, аз Олмон хоста буд то бо эъзоми низомиёни он кишвар ба Сурия, Амрикоро ҳамроҳӣ кунад.
Ҷефрей бо дархост аз Олмон барои эъзоми мураббиёни низомӣ ва мутахассисони лагистик ва фаннӣ гуфт: “Мо хоҳони он ҳастем то нерӯҳои олмонӣ ҷойгузини низомиён мо дар Сурия шаванд. Мо интизор дорем давлати Олмон ба дархости Амрико дар моҳи ҷорӣ посух диҳад”.
Бо ин ҳол, ин хостаи Вашингтон бо мухолифати ҳизби эътилофӣ дар давлати Олмон - Венетсия, аҳзоби мухолиф мувоҷеҳ шудааст. Рӯзномаи олмонии “де Велт” дар шумораи рӯзи душанбеи худ бо ишора ба дархости Ҷеймс Ҷефрей дар хусуси ҳузури нерӯҳои низомии Олмон дар манотиқи шимоли Сурия навишт; Ҳизби сотсиал- демократ ва опозитсиюн дар Олмон бо дархости Амрико ба шиддат мухолифат кардаанд.
Амрико ба унвони сардамдори Ғарб, ҳомии аслии гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия аст ва ҳамчунон ба ҳузури ғайриқонунии худ дар ин кишвар ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ идома медиҳад.
Пас аз эъломи тасмими Трамп дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, ки дар ростои таҳаққуқи ваъдаи интихоботиаш сурат гирифт, мақомоти амрикоӣ, бавижа аъзои Конгресс интиқодҳои зиёдеро алайҳи ин тасмим матраҳ карданд. Трамп низ таҳти таъсири фишорҳои шадиди дохилӣ ва низ муттаҳидони аврупоии Вашингтон ночор шуд то зимни таъдили тарҳҳои қаблӣ бо афзоиши замони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, ба ҷои 30 рӯз ба 120 рӯз, аз мавзеи куллиаш дар бораи Сурия низ ақибнишинӣ кунад.
Трамп дар суханоне дар 2 январ муддаӣ шуд, ҳатто бо вуҷуди хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Сурия, боз ҳам аз курдҳои сурӣ муҳофизат хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, Амрико ба баҳонаи ҳифозат аз нерӯҳои шибҳинизомии курд, ҳамчунон бар ҳузури низомӣ дар Сурия исрор меварзад. Акнун Вашингтон бо фишор бар Берлин, хоҳони тақсими вазоиф ва коҳиши фишор бар нерӯҳои худ дар шимоли Сурия бо рафтани низомиёни олмонӣ аст.
Бо ин ҳол олмониҳо ба хубӣ медонанд, ки сиёсати Ғарб дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ба манзури сарнагунии давлати қонунии Сурия муддатҳост, ки шикаст хӯрда ва раванди решакании террористҳо ва ҳокимияти давлати Сурия бар кулли манотиқи ин кишвар дар ҳоли пешрафт аст.
Ба ҳамин далел ҳузури низомии Олмон дар Сурия дар воқеъ ба маънои ифои нақши Берлин дар бозии шикастхурдаи Вашингтон дар Сурия аст.
Дар айни ҳол давлати Сурия ва низ Русия ба унвони муттаҳиди Димишқ борҳо мухолифати худро бо ҳузури ғайриқонунии нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия ва нақши мухарриби онҳо дар ин кишвар эълом кардаанд.
Дар ин росто Маскав ва Димишқ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки бо як мавзеъгирии усулӣ аз Амрико бихоҳанд то нерӯҳояшро ҳарчӣ зудтар аз Сурия хориҷ кунад.