Июл 12, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Путин барои музокира бо Украин

Раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард,ки барои музокира бо давлати нави Украин ба ҳар шакле омодааст.

Ба нақл аз Рейтерз, Владимир  Путин рӯзи панҷшанбе ба пешниҳоди ахири ҳамтои Украинии худ, Владимир Зеленский барои баргузории музокирот миёни ду кишвар посух дод ва гуфт; Маскав омодаи музокира дар бораи Украин дар ҳар шакле аст, аммо бояд давлати нав дар Киев,ташкил шуда бошад.

Раиси ҷумҳурии Руси афзуд; мо ҳар гиз ҳеҷ як аз қолибҳои пешниҳод шуда барои музокиротро рад наркардаем ва метавонем дар бораи масоили мухталиф баъд аз шаклгирии ниҳоии давлати нави Украин ва баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар ба баҳс биншинем.

Раиси ҷумҳурии Русия  дар айни ҳол таъкид кард,ки намедонад вокуниши дигари тарафҳои пешниҳодшуда барои ин музокира чист.

 Русия пас аз пирузии Зеленский дар интихоботи Апрели гузашта,эълом кард муносибатҳои ояндаи Кремл ва Киев бар асоси мавозеъ ва иқдомҳои раиси ҷумҳурии нави Украин хоҳад буд.

Барчасп