Июл 14, 2019 12:22 Asia/Dushanbe
  • Тирборони панҷ кудак ва зан дар Мазори Шарифи Афғонистон

Ашхоси мусаллаҳи ношинос панҷ кудаку занро дар шаҳри Мазори Шариф дар вилояти Балхи Афғонистон тирборон карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Шафақнои Афғонистон, ашхоси мусаллаҳи ношинос вориди хонае дар шаҳри  Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон шуданд ва се зану ду кудаки узви як хонаводаро ба гулула бастанд. Дар моҳҳои ахир омори қатлҳо ва дуздиҳои мусаллаҳона дар Мазори Шариф афзоиш ёфтааст.

Барчасп