Оғози размоиши муштараки нерӯҳои заминии Арабистон ва Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45154-Оғози_размоиши_муштараки_нерӯҳои_заминии_Арабистон_ва_Амрико
Манобеъи хабарӣ якшанбе шаб аз оғози размоиши муштараки нерӯҳои заминии артишҳои Арабистон ва Амрико дар шарқи Арабистон хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2019 04:55 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки нерӯҳои заминии Арабистон ва Амрико

Манобеъи хабарӣ якшанбе шаб аз оғози размоиши муштараки нерӯҳои заминии артишҳои Арабистон ва Амрико дар шарқи Арабистон хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (Вос) , ин размоиши муштарак бо номи  Фармондеҳи пуршӯри 2019 дар  маркази тамрини  аслии шаҳри низомии Малак Холиди Арабистон бо ҳузури ягонҳое аз нерӯи заминии артишҳои Арабистон ва Амрико оғоз шудааст.Сартип Солеҳ бин Аҳмад Алзаҳронӣ фармондеҳи минтақаи шимолии Арабистон дар ин робита гуфт, ҳадаф аз баргузории ин  размоиш тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии низомии муштарак миёни ду кишвар ва табодул ва интиқоли таҷрибаҳо ва низ боло бурдани сатҳи омодагӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, ин размоиш ба муддати ду ҳафта идома хоҳад дошт ва қарор аст теъдоде маъмурияти омӯзишӣ дар муҳити амалиётӣ анҷом шавад.