Июл 15, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳуми аввалияи давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз эҷоди тафоҳуми аввалия миёни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сиддиқ Сиддиқӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, поёни ҷанг, барқарории оташбас, ҷилавгирӣ аз осеб расонидан ба ғайринизомиён ва тазмин додани Толибон барои мубориза бо терроризм аз меҳварҳои тафоҳуми аввалия аст, ки байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ба вуҷуд омадааст.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон афзуд, давлати Афғонистон аз ҷузъиёти музокироти сулҳи амрикоиҳо бо Толибон огоҳ аст ва то чанд ҳафтаи оянда раванди сулҳ бо Толибон вориди марҳалаи дувуми он хоҳад шуд, ки дар ин марҳала музокироти мустақим байни давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон оғоз мешавад.

Сиддиқӣ бо баёни ин ки давлати Афғонистон дар раванди сулҳ бо диққат ва эҳтиёт амал мекунад, гуфт, раванди сулҳ авлавияти давлати Афғонистон аст ва ҳар тасмими Кобул дар ин раванд бар асоси манофеи мардуми ин кишвар ва ҳифзи дастовардҳои ҳаждаҳ соли ахир аст.

Изҳороти Сиддиқӣ дар хусуси тафоҳуми аввалияи давлати Афғонистон бо Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки гурӯҳи Толибон ҳанӯз музокироти мустақим бо давлати Афғонистонро напазируфта ва дар ҳафт даври музокироти амрикоиҳо бо Толибон давлати Афғонистон ҳузур надоштааст.

 

Барчасп