Эрдуғон: сомонаи С-400 соли оянда амлиётӣ мешавад
(last modified Tue, 16 Jul 2019 05:53:33 GMT )
Июл 16, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: сомонаи С-400 соли оянда амлиётӣ мешавад

Раиси ҷумҳури Туркия гуфт, сомонаҳои дифои мушакии С-400 соли оянда дар ин кишвар амалиётӣ мешавад.

Ба гузориши телевизиони Алмаёдин, Раҷаб Таиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия душанбешаб гуфт, бо вурурди тадриҷии қатаоти сомонаи мушакии С-400 ин сомона аввалҳои соли 2020 ба сурати комил дар Туркия амлиётӣ хоҳад шуд.

Эрдуғон ҳамчунин аз вуруди ҳаштумин ҳавопаймои ҳомили бахшҳои дигаре аз сомонаҳои мушакии С-400 ба Анкара хабр дод.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи якшанбе низ дар хусуси хариди сомонаи мушакии С-400 аз Русия гуфта буд Туркия ин сомонаи дифоиро бо ҳадафи ҳимоят аз сулҳу амнияти кишвараш харидорӣ кардааст.

Таҳвили маҳмулаҳои сомонаи мушакии С-400 Русия аз 12 июли 2019 ба Туркия оғоз шудааст.

Қарордоди фуруши сомонаи мушакии С-400 Русия ба Туркия дар декабри 2017 ба имзоъи тарафайн расид.

Амрико пештар эълом карда буд дар сурати дарёфти сомонаи мушакии С-400 Русия аз тарафи Туркия Вашингтон фуруши ҳавопаймоҳои Ф-35 ба ин кишварро мутаваққиф ва таҳримҳои сахтеро зидди Анкара эъмол хоҳад кард.