Мусаввабаи Конгресси Амрико дар бораи бозхости омилони қатли Хошуқчи
Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз гузашти 10 моҳ аз қатли Ҷамол Хошуқчи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ саранҷом лоиҳаи бозхости омилони ин қатли фаҷеъро тасвиб кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Гардиан”, Маҷлиси намояндагони Амрико бо 405 раъйи мувофиқ ва 7 раъйи мухолиф лоиҳаи муҳокима ва бозхости омилони қатли Ҷамол Хошуқчи, рӯзноманигори мунтақиди Саудиро тасвиб кард. Ин лоиҳаро Том Малиновски, намояндаи иёлати Нюҷерси бо унвони «Қонуни ҳуқуқи башар ва ҷавобгӯӣ Арабистони Саудӣ» таҳия карда буд.
Эгнес Колламард, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ зимни таъкид бар нақши Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва теъдоде аз мақомоти олирутбаи Арабистон дар қатли Хошуқчи иқдоми Вашингтонро дар ин замина хостор шуда буд.
Мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Амрико дар бораи бархӯрд бо омилони қатли Хошуқчи дар сурате иҷроӣ хоҳад шуд, ки дар Сенат низ тасвиб шавад ва Трамп онро вето накунад.
Ҷамол Хошуқчи, рӯзноманигори арабистоние, ки борҳо аз режими Саудӣ ба хотири нақзи ҳуқуқи башар ва иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Яман интиқод карда буд, саранҷом дувуми октябри соли 2018 дар дохили консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия ба таври фаҷеъ ба қатл расид. Ниҳодҳои иттилоотӣ, аз ҷумла ИМҶ (ЦРУ) гузориш доданд, ин қатл бо дастури шахсии валиаҳдии Саудӣ анҷом шудааст.