Интиқоди Нэнси Пелоси аз твитҳои нажодпарастонаи Трамп
Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико твитҳои раисҷумҳури ин кишвар алайҳи чанд зани намояндаи Конгрессро шармовар донист.
Ба гузориши нашрияи интернетии Ҳейл, Нэнси Пелоси раиси Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи сешанбе дар Вашингтон ба чанд твити Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки дар он аз аъзои зан дар Конгресс хоста буд аз ҳар кишваре, ки омадаанд ба ҳамон ҷо баргарданд, гуфт: Ин назароти Кохи Сафед шармовар ва нажодпарастона аст.
Пелоси дар идома афзуд: Шармовар аст, ки Трамп ҳамчунон ба дифоъ аз худ аз ин ибороти тавҳиномез идома медиҳад. Ибороте, ки на танҳо дар мавриди аъзои Маҷлиси намояндагон, балки дар мавриди бисёре аз дигарон борҳо шунидаем.
Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи сешанбе қатъномаеро дар маҳкумияти изҳорот ва твитҳои нажодпарастонаи Доналд Трамп зидди аъзои Конгресс тасвиб кард.