Тасарруфи маъдани "Лоҷвард"-и Бадахшон ба дасти Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45208-Тасарруфи_маъдани_Лоҷвард_и_Бадахшон_ба_дасти_Толибон
Аъзои гурӯҳи Толибон бо тасарруфи маъдани "Лоҷвард" дар вилояти Бадахшон, шимоли шарқи Афғонистон 20 низомии афғонро ба асорат гирифтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 17, 2019 05:47 Asia/Dushanbe
  • Тасарруфи маъдани

Аъзои гурӯҳи Толибон бо тасарруфи маъдани "Лоҷвард" дар вилояти Бадахшон, шимоли шарқи Афғонистон 20 низомии афғонро ба асорат гирифтанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи волии Бадахшон гуфт: Афроди гурӯҳи Толибон ба маъдани "Лоҷвард"-и Бадахшон ҳамла карданд ва ин маъданро ишғол карданд.

Дар ҳамин ҳол аъзои гурӯҳи Толибон Наврӯз Раҳимӣ, муовини амниятии зиндони вилояти Бомиёни Афғонистонро дар вилояти Ғур ба зарби гулӯла куштанд.