Таъкиди Могерини бар аҳамияти ҳифзи БарҶом барои Аврупо
Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бори дигар таъкид кард, ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом барои амнияти Аврупо муҳим аст.
Ба гузориши “Форс”, Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар суханоне дар парлумони Аврупо гуфт, ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом беш ва пеш аз ҳар чиз барои манофеи амнияти Аврупо ва ҷаҳон дорои аҳамият аст. Зеро ҳар гуна бесуботӣ дар минтақаи халиҷи Форс, Аврупоро низ таҳти таъсир қарор медиҳад.
Могерини афзуд, ҳатто касоне, ки ба тавофуқи ҳастаии Эрон бисёр бадбин буданд, имрӯз дарёфтаанд, ки бидуни ин тавофуқ шароит ба маротиб бадтар мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки аз замони хуруҷи якҷонибаи Амрико аз ин тавофуқ, Аврупо аз ҳама тавони худ барои ҳифзи он истифода мекунад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба иқдомоти ахири Эрон дар коҳиши тааҳҳудоташ дар чорчӯби БарҶом гуфт, Брюссел талошҳои худро барои костан аз табаоти таҳримҳои якҷонибаи Амрико бештар кардааст.
Ин мақоми Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, БарҶом тавофуқи дуҷониба ё ҳатто чандҷониба нест, балки Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст, ки ба иттифоқи оро тасвиб шуда ва ҳифзи он масъулияте ҷаҳонӣ аст.