Интиқоди Покистон аз сукути бархе кишварҳои ғарбӣ дар муқобили фаъолиятҳои ҳастаии Исроил
(last modified 2019-07-18T15:10:05+00:00 )
Июл 18, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Покистон аз сукути бархе кишварҳои ғарбӣ дар муқобили фаъолиятҳои ҳастаии Исроил

Вазири ҳуқуқи башари Покистон бо интиқод аз сукути бархе кишварҳои ғарбӣ дар муқобили фаъолиятҳои ҳастаии хатарноки режими саҳюнистӣ, онро ғайриқобили қабул донист.

Ширин Мазорӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, сиёсатҳои дугонаи бархе қудратҳои ҷаҳонӣ дар қиболи ҷилавгирӣ аз истифодаи сулҳомези кишварҳои мусулмон аз энержии ҳастаӣ ва сукут дар баробари фаъолиятҳои ҳастаии хатарноки режими саҳюнистӣ, ғайриқобили қабул аст ва бояд мутаваққиф гардад.

Вазири ҳуқуқи башари Покистон ҳамчунин тасреҳ кард, Покистон ҳамвора хоҳони тақвияти сулҳ дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз тафриқа аст.

Ширин Мазорӣ ҳамчунин ташкили чорчуби гуфтугӯи стратегии ҳастаӣ миёни Ҳинд ва Покистонро хостор шуд ва афзуд, Покистон ҳамвора хоҳон барқарории сулҳи доимӣ дар минтқа буда ва таслиҳоти ҳастаии ин кишвар комилан эмин ва мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ аст.

 

Барчасп