Июл 22, 2019 17:16 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 8 ғайринизомӣ дар ҳамалоти ҳавоӣ ба шарқи Афғонистон

Дар ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Лугар дар шарқи Афғонистон дастикам ҳашт ғайринизомии афғон кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Вайс Абдурраҳимзай, волии ноҳияи Баракибараки вилояти Лугари Афғонистон эълом кард, дар ин ҳамалот ҳашт ғайринизомӣ кушта ва шаш ғайринизомии дигар захмӣ шуданд.

Пеш аз ин, манобеи хабарӣ аз куштори ғайринизомёни афғон тавассути низомиёни террористи амрикоӣ дар вилоятҳои Ҳилманд, Бодғис ва Ғазнӣ хабар доданд.

Дар юриши ду шаби пеши низомиёни террористи амрикоӣ ба як хона дар ноҳияи Новаи вилояти Ғазнӣ низ 5 ғайринизомӣ, аз ҷумла як зан бо шиллики ин низомиён ба қатл расиданд.

 

Барчасп