Вокуниши тунди мақомоти Афғонистон ба изҳороти Доналд Трамп
(last modified Tue, 23 Jul 2019 13:30:35 GMT )
Июл 23, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди мақомоти Афғонистон ба изҳороти Доналд Трамп

Номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Амрико зидди мардуми Афғонистон гуфт, ин кишвар ба гӯристони низомиёни амрикоӣ табдил хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Абдулатифи Пидром рӯзи сешанбе гуфт, ишғолгарони бисёре ба Афғонистон чашми тамаъ дӯхтанд ва ба он ҳамла карданд, аммо Афғонистон ба гӯристоне барои онҳо табдил шуд ва барои Амрико низ чунин хоҳад буд. Раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ишғолгари қулдур, густох ва бефарҳанге донист, ки ба арзишҳои инсонӣ пойбанд нест. Абдулатифи Пидром ҳамчунин бар лузуми хурӯҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон таъкид кард ва аз мардуми Афғонистон хост, барои ихроҷи низомиёни амрикоӣ басиҷ шаванд.

Раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон ҳам хитоб ба Трамп гуфт, агар бо мардуми Афғонистон дарбиафтад, ба панҷ тиккаи кӯчак тақсим мешавад. Фазлҳодӣ Мусалламёр дар нишасти рӯзи сешанбеи ин палатаи парлумони Афғонистон таъкид кард, ки Амрико бо он ҳама иддао ҳамакнун дар Афғонистон замингир шудааст. Мусалламёр гуфт, изҳороти ахири Трамп нишон медиҳад, ки шакки мардуми Афғонистон дар раванди сулҳе, ки Амрико оғоз карда, ба ҷо буда ва давлати Трамп зери номи раванди сулҳ дар пайи тавтеа алайҳи мардуми Афғонистон аст.

Ҳомид Карзай ҳам дар вокуниш ба суханони раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки Трамп ба мардуми Афғонистон тавҳин кардааст. Раисҷумҳури пешини Афғонистон дар иттилоияе навишт, “изҳороти Трамп бозтоби эҳсосоти дарунии раҳбари Амрико дар қиболи мардум ва кишвари мост”. Карзай афзуд, мардуми Афғонистон муддатҳост, аз муомилоти пинҳонии Иёлоти Муттаҳида бо Покистон нигаронӣ доштанд ва ибрози назарҳои ахири Трамп дар ҳузури нахуствазири Покистон нишон медиҳад, ки нигаронии мардуми Афғонистон дар ин замина ба ҷо будааст.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи гузашта дар дидор бо Умрон Хон, нахуствазири Покистон дар Вашингтон таъкид кард, агар бихоҳад, метавонад дар муддати як ҳафта ба ҷанг дар Афғонистон поён диҳад ва Афғонистонро аз рӯйи нақшаи ҷаҳон маҳв кунад, аммо 10 миллион нафар кушта мешаванд.