Иштибоҳи хандаовари Иванка Трамп дар табрик ба Борис Джонсон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45386-Иштибоҳи_хандаовари_Иванка_Трамп_дар_табрик_ба_Борис_Джонсон
Иванка Трамп, духтари раисҷумҳури Амрико ҳангоми табрик ба Борис Джонсон, нахуствазири ҷадиди Англия номи ин кишварро иштибоҳ навишт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 24, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Иштибоҳи хандаовари Иванка Трамп дар табрик ба Борис Джонсон

Иванка Трамп, духтари раисҷумҳури Амрико ҳангоми табрик ба Борис Джонсон, нахуствазири ҷадиди Англия номи ин кишварро иштибоҳ навишт.

Ба нақл аз Спутник, интихоби Борис Джонсон ба унвони ҷонишини Тереза Мэй, нахуствазири Англия вокуниши чеҳраҳои мухталиферо ба ҳамроҳ дошт.

Дар ин миён яке аз пурсарусадотарин вокунишҳо, марбут ба Иванка Трамп аст, ка дар паёми табрикии худ ба иштибоҳ ба ҷои калимаи United Kingdom ба маънии подшоҳии муттаҳид United Kingston ба маънии Кингстони муттаҳид навишт.

Кингстон яке аз шаҳрҳои Ню-Йорк аст.