Июл 25, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди раиси ҷумҳури Афғонистон аз китоби устоди эронӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон аз китоби устоди эронӣ тамҷид кард.

Ба нақл аз Тобнок, Чанд рӯз пеш ҳамоиши "Афғонистон гаҳвораи забони форсии дарӣ" дар арги раёсат ҷумҳурии Афғонистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғоинстон аз китоби "таърихи адабии Эрон ва қаламрави забони форсӣ", ки навиштаи доктор саид Маҳдии Зарқонӣ устоди гуруҳи забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Фирдавсии Машҳад аст тақдир кард.

Саид Маҳдии Зарқонӣ  дар ин бора гуфт, китоби  "таърихи адабии Эрон ва қаламрави забони форсӣ" ба таърихи адабиёти Эрон ва қаламрави забони форсӣ аз давраи модҳо то миёнаи қарни панҷум пардохтааст. Дар ин давраи бисёр тулонӣ ва пас аз он давраи Қоҷор, қаламрави забони форсӣ шомили кишварҳои мухталифе монанди Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, бахшҳое аз Покистон ва Ҳиндустони имрӯзӣ мешуд, ки дар онҳо забони форсӣ омили пайвандиҳандаи миллатҳо ва қалбҳо буд.

Ӯ бо баёни ин ки форсизабонон бо забон ва адабиёти форсӣ уммати воҳидеро ташкил доданд афзуд, ман ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ доштам ва ба ҷои ин ки дар бораи таърихи адабиёти Эрон суҳбат кунам таърихи адабиёт дар қаламрави забони форсӣ бароям асолат ва аҳамият дошт.

Узви ҳайати илмии гуруҳи забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар мавриди далелҳои тақдири раиси ҷумҳури Афғонистон аз китоби "таърихи адабии Эрон ва қаламрави забони форсӣ" гуфт, мумкин аст далели тақдири раиси ҷумҳури муҳтарами Афғонистон ин буда бошад, ки забони форси ваҷҳи муштараки байни миллати Эрон ва миллати Афғонистон аст.

 

 

Барчасп