51 кушта дар инфиҷорҳои имрӯзи Кобул
Июл 25, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон инфиҷорҳои имрӯзи шаҳри Кобулро маҳкум кард.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон дар баёнияе, вуқӯи се инфиҷорро дар шаҳри Кобул, ки ба кушта ё захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ғайринизомиёни афғон мунҷар шуд, маҳкум ва бо давлат ва миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард.
Бар асари инфиҷорҳои субҳи имрӯзи Кобул, 51 нафар кушта ва 40 нафари дигар захмӣ шуданд.
Гурӯҳи Толибон масъулияти яке аз се инфиҷори шаҳри Кобулро бар ӯҳда гирифт.
Барчасп