Оғози корзори таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон
(last modified Sun, 28 Jul 2019 05:08:25 GMT )
Июл 28, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Оғози корзори таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

Корзори 60 рӯзаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон имрӯз оғоз шуд ва 18 номзади ин давра аз интихобот ду моҳ фурсат доранд, то барномаҳои худро барои ҷалби назари овоздиҳандагон пешниҳод кунанд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматёр, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, Раҳматуллоҳ Набил, Аҳмадвалӣ Масъуд, Фаромарз Таманно, Абдуллатиф Пидром ва Нурулҳақ Улумӣ аз ҷумлаи саршиностарин номзадҳои чаҳорумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳастанд.

Ин давра аз интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор мешавад.

 Вазорати дохилии Афғонистон дар рӯзҳои ахир бо судури иттилоияҳое таъкид карда, ки ҳама мулоҳизоти амниятиро барои баргузории интихоботи ҳамроҳ бо оромиш ва амният, анҷом додааст.

 Ин вазоратхона ҳамчунин як худрави зиреҳӣ дар ихтиёри ҳар номзад ва ду муовини ӯ қарор додааст, то дар 60 рӯзи оянда нигарониҳои амниятии ононро бартараф кунад.

Мавзӯъи музокироти сулҳ миёни Толибон ва намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ҳафт даври он дар Доҳаи Қатар баргузор шудааст, бар чаҳорумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон соя андохтааст.