Июл 28, 2019 12:15 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми додгоҳи федералии Нигерия алайҳи Ҷунбиши исломии ин кишвар

Як додгоҳи федералӣ дар Нигерия бо ҳадафи мамнуъ кардани фаъолияти шиъаён дар ин кишвар, ба давлат иҷоза дод то Ҷунбиши исломии Нигерияро дар руйхати «созмонҳои террористӣ» қарор диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Райтер, Доиу Апата- муовини додситони кулли Нигерия рӯзи шанбе таъйид кард, ки як додгоҳи федералӣ бо судури ҳукме ба давлати ин кишвар иҷоза додааст ,то фаъолияти Ҷунбиши исломии Нигерияро мамнуъ кунад.

 Дафтари шайх Иброҳим Закзокӣ- раҳбари ҷунбиши исломии Нигерия дар вокуниш ба ҳукми додгоҳи федералӣ эълом кард, ки дасисачиниҳо барои мамнуъ кардани фаъолияти ин ҷунбиш аз соли 2015 дар ҷараён будааст ва судури ин ҳукм низ дур аз интизор набуд.

 Аъзои Ҷунбиши исломии Нигерия бо баргузории тазоҳурот дар шаҳри Абуҷа- пойтахти Нигерия, озодии шайх Закзокӣ- раҳбари ин ҷунбишро хостор шудаанд; Шахсияте, ки аз соли 2015 ба рағми судури ҳукми озодиаш ҳамчунон дар боздошт ба сар мебарад.

Ба рағми онки омори расмии қурбониён ҳанӯз аз сӯи полиси Нигерия  эълом нашудааст, Ҷунбиши исломии Нигерия эълом кард,ки дар ҳафтаи гузашта, дасти кам 20 тан аз аъзои ин ҷунбиш дар тазоҳурот дар Абуҷа ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп