Рябаков; Эрон марҳалаи баъдии коҳиши таъаҳудоти Барҷомиро оғоз мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45504-Рябаков_Эрон_марҳалаи_баъдии_коҳиши_таъаҳудоти_Барҷомиро_оғоз_мекунад
Музокиракунандаи аршади Русия дар нишасти камисиюни Барҷом дар Вена гуфт; Эрон қасд дорад марҳалаи нави коҳиши тааҳудоти худро оғоз кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 29, 2019 14:10 Asia/Dushanbe
  • Рябаков; Эрон марҳалаи баъдии коҳиши таъаҳудоти Барҷомиро оғоз мекунад

Музокиракунандаи аршади Русия дар нишасти камисиюни Барҷом дар Вена гуфт; Эрон қасд дорад марҳалаи нави коҳиши тааҳудоти худро оғоз кунад.

Сергей Рябаков муовини вазири умури хориҷа ва раиси ҳайати Русия дар нишасти Камисиюни муштараки Барҷом,баъд аз поёни ин нишаст дар мусоҳиба бо хабаргузории Интерфакс аз қасди Эрон барои оғози даври нави коҳиши тааҳудоти худ дар чорчуби БАРҶОМ хабар дод ва афзуд; бо ин ҳол, ширкаткунандагон дар нишсти Вена тавофуқ карданд,ки талошҳои лозимро барои баҳрамандии Эрон аз мазоёи иқтисодии Барҷом ба кор гиранд.

Рябаков гуфт; Русия ба ҳамкории худ бо Эрон дар тарҳҳои қайд шуда дар БАРҶОМ идома медиҳад.

Эрон бо санадҳо ба бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ то кунун дар ду марҳала бархе таъаҳудоти ҳастаии худро дар заминаи мизон ва ғилзати урани ғанисозишуда коҳиш дода ва бо таъйини муҳлати 60 рӯзи дигар эълом кардааст,ки дар сурати идомаи кутоҳии тарафҳои дигари БАРҶОМ дар анҷоми таъаҳудоти худ,гомҳои бештареро дар масири коҳиши таъаҳудоти худ бар хоҳад дошт.

Аббоси Ароқчӣ муовини сиёсии вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе пас аз поёни нишасти камисиюни муштараки БАРҶОМ дар Вена гуфт; ин нишаст, созанда буд аммо наметавон гуфт ҳамаи чиз ҳал шудааст ва Эрон ба коҳиши таъаҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ то замоне,ки аз манофеъаш муҳофизат нашавад, идома хоҳад дод.