Июл 31, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ ва Амрико бузургтарин таҳдид барои Туркия

Ҷадидтарин назарсанҷии суратгирифта дар Туркия ҳикоят аз он дорад, ки мардуми ин кишвар режими саҳюнистӣ ва Амрикоро бузургтарин таҳдид барои Туркия медонанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин назарсанҷӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи Кодирхоси Истанбул анҷом шудааст, 81,3 дарсад Амрико ва 70,8 дарсад, режими саҳюнистиро бузургтарин таҳдид барои Туркия донистанд.

Дар ин назарсанҷӣ, ки ҳазорон нафар ширкат карданд, 39, 4 дарсад низ бар ин боваранд, ки Амрико ғайри қобили эътимод аст.

Ҳамчунин 20, 6 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ муҳимтарин мушкили сиёсати хориҷии Туркияро равобит бо Амрико баршумурданд.

 

Барчасп