Тарки ҳазорон низомии Амрико аз хоки Афғонистон дар сурати тавофуқи сулҳ
(last modified Sat, 03 Aug 2019 06:03:57 GMT )
Август 03, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Тарки ҳазорон низомии Амрико аз хоки Афғонистон дар сурати тавофуқи сулҳ

Ҳазорон низомии Амрико хоки Афғонистонро дар сурати тавофуқи сулҳ тарк мекунанд.

Ба нақл аз ИРНА, ҳаштумин давр аз мзокираҳои Амрико ва Толибон қарор аст бо ҳадафи поён додан ба ҷанги 18 солаи Амрико дар Афғонистон,ҳафтаи оянда дар Доҳа пойтахти Қаттар баргузор шавад.

Рӯзномаи амрикоии Вашингтон пост ба нақл аз  масулони Кохи Сафед эълом кард; ки тавофуқи аввалия миёни Толибон ва Амрико ба ин кишвар иҷоза хоҳад дод,ки шумори нерӯҳояшро аз 14 ба 8 ҳазор нафар коҳиш диҳад.

Бар пояи ин гузориш, дар муқобил, Толибон зимни қабули оташбас, мутааҳид мешавад,ки гурӯҳи Алқоидаро аз Афғонистон берун биронад.

Як масул,ки хост номаш фош нашавад ба Вашингтон пост гуфт;онҳо 80 то 90 дарсади роҳ ро рафтаанд,аммо ҳамчунон 10 ва 20 дар сад аз масири боқимонда тулонӣ хоҳад буд.

Тарҳи сулҳи пешниҳодии Амрико ҳамчунин аз Толибон мехоҳад,ки як тавофуқномаи сулҳи ҷудогона бо давлати Афғонистон имзо кунад, ин дар ҳоле аст,ки ин гурӯҳ ҳаргуна музокира бо давлати Кобулро рад кардааст.

Як масули афғонистонӣ ҳафтаи гузашта беишора ба ҷузиёт ва танҳо ба сурати талвеҳӣ эълом кард,ки давлати Ашраф Ғанӣ омодааст,ки ба таври мустақим бо Толибон гуфтугӯ кунад.

Давлати Амрико бештар эълом кард,ки Вашингтон тамоил дорад, ибтидои моҳи сентиябри оянда тавофуқномаи сулҳ бо Толибонро имзо кунад, ҳарчанд ин масаларо машрут ба музокираи ин гурӯҳ бо давлати Афғонистон кард.