Мақоми амрикоӣ хатоб ба Помпео: Зариф аз ту беҳтар аст
Узви пешини Шурои амнияти миллии Амрико пас аз таҳрими вазири умури хориҷаи Эрон хатоб ба Майк Помпео навишт:Зариф аз ту беҳтар аст
Ба нақл аз Спутник, Гари Сик устоди донишгоҳи Колумбия ва узви пешини Шурои амнияти миллии Амрико дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук ба иқдоми Амрико дар таҳрими вазири умури хориҷаи Эрон вокуниш нишон дод ва хатоб ба Помпео навишт, вақте ки вазири умури хориҷаи душман нисбат ба худат депломати беҳтар, сухангӯе беҳтар, твиткунандае беҳтар ва намояндае беҳтар барои кишвараш бошад саъй кун сокиташ кунӣ.
Вазорати хазонадории Амрико рӯзи чаҳоршанбе номи Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эронро дар феҳрести ашхоси таҳримшуда қарор дод.
Пеш аз ин мақомоти амрикоӣ эълом карда буданд, ки қасд доранд Зарифро таҳрим кунанд вале бархе аз расонаҳои ғарбӣ дар он замон гузориш доданд, ки Амрико эҳтимолан ба хотири авоқиби ин мавзӯъ дар тасмими худ таҷдиди назар хоҳад кард, вале рӯзи чаҳоршанбеи гузашта вазири умури хориҷаи Эрон дар рӯйхатти таҳримии Амрико қарор гирифт.
Дар паи ин иқдом Зариф дар ҳисоби твиттери худ навишт, далели ин ки Амрико маро таҳрим карда ин аст. ки ман сухангӯи аввали Эрон дар саросари ҷаҳон ҳастам.
Вай афзуд, ин иқдом таъсире руи ман ё хонаводаам надорад. Чун ман дороӣ ё манофие хориҷ аз Эрон надорам ва аз шумо ташаккур мекунам, ки маро чунин таҳдиди бузурге барои аҳдофатон ба ҳисоб меоваред.