Дархости Карзай барои инъикоси инзиҷори мардуми Афғонистон аз Амрико дар Созмони Милал
(last modified 2019-08-04T11:53:42+00:00 )
Август 04, 2019 16:53 Asia/Dushanbe
  • Дархости Карзай барои инъикоси инзиҷори мардуми Афғонистон  аз Амрико дар Созмони Милал

Раисҷумҳури пешини Афғонистон дар дидори намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Кобул, хостори матраҳ кардани инзиҷори мардуми Афғонистон аз суханони ахири раисҷумҳури Амрико дар СММ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳомид Карзай дар дидори Тодомичи Ядамото бо баёни эътирози худ ба изҳороти тавҳиномези ахири Доналд Трамп дар мавриди Афғонистон, аз намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон хост инзиҷори мардуми Афғонистон аз ин изҳоротро дар СММ матраҳ кунад.

Бар асоси ин гузориш, ду тараф дар ин дидор дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон ва пешрафтҳои ҳосилшуда дар ин арса гуфтугӯ карданд.

Раисҷумҳури Амрико ахиран гуфта буд, Вашингтон аз роҳи низомӣ метавонад дар ҷанги Афғонистон дар як ҳафта пирӯз шавад, аммо бо ин иқдом дастикам даҳ миллион нафар кушта ва Афғонистон аз нақшаи ҷаҳон ҳазф хоҳад шуд, ки бо вокунишҳои тунд аз сӯи ақшори мухталифи Афғонистон рӯбарӯ шудааст.