Июл, хунинтарин моҳ дар Афғонистон + видио
Август 05, 2019 07:39 Asia/Dushanbe
Созмони Миллал эълом кард; моҳи гузаштаи мелодӣ бо 1500 кушта ва захмӣ,хунинтарин моҳ барои ғайринизомиён дар се соли ахир дар Афғонистон буд.
Ин мизон талафот аз моҳи майи соли 2017 то кунун бесобиқа будааст.
Дар шаш моҳи нахусти имсол низ наздик ба чор ҳазор ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта ё захмӣ шуданд ва шумори талафоти ғайринизомиён бар асари ҳамлаҳои ҳавоии низомиёни хориҷӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта ҳудуди чил дар сад афзоиш ёфтааст.