Август 07, 2019 13:28 Asia/Dushanbe

Гурӯҳи "Толибон" масъулияти инфиҷори бомбаи субҳи имрӯз (чоршанбе) дар ғарби Кобулро бар ӯҳда гирифт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи як мошини бомбгузоришуда қарор гирифт, ки дар ин ҳамлаи террористӣ даҳҳо тан куштаву захмӣ шуданд.

Бархе манобеи афғон аз захмӣ шудани ҳудуди сад нафар, аз ҷумла шуморе аз занон ва кӯдакон дар ин инфиҷор хабар доданд.

Агарчи ҳанӯз шумори дақиқи куштаҳо ва захмӣ мушаххас нест, вале сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори захмиҳои ин инфиҷорро 95 нафар эълом кардааст.

"Толибон" дар ҳоле масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифта, ки ин гурӯҳ аз тавофуқ бо Амрико дар музокироташ дар Доҳаи Қатар хабар додааст.

Барчасп