Август 08, 2019 11:23 Asia/Dushanbe
  • Амрико Ҳинд ва Покистонро ба хештандорӣ ва оромиш фарохонд

Давлати Амрико бо баёни ин ки аз гуфтугӯи мустақим миёни Ҳинд ва Покистон ҳимоят мекунад ду тарафро ба хештандорӣ ва коҳиши таниш даъват кард.

Ба нақл аз Форс, бо боло гирифтани танишҳо дар минтақа мавриди муноқишаи Кашмир Вазорати умури хориҷаи Амрико бомдоди панҷшанбе ба вақти Теҳрон бо судури баёнияе ба Покистон ва Ҳинд тавсия кард бо якдигар вориди гуфтугӯ шаванд.

Ба навиштаи хабаргузори Ассошиэйтед Пресс, дар баёнияи Вашингтон унвон шудааст, ки Амрико аз гуфтугӯи мустақим миёни Ҳинд ва Покистон ҳимоят мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин ду тарафро ба  хештандорӣ ва оромиш даъват карда ва аз онҳо хоста аз мизони танишҳо бикоҳанд.

Манобеи хабарӣ аз бурузи даргириҳои шадид миёни низомиёни Ҳинд ва Покистон дар марзи Кашмир хабар доданд. Дар ин даргирӣ тарафайн ба самти якдигар хумпора ва тир партоб кардаанд. Ин иттифоқ чанд соат баъд аз он иттифоқ афтод, ки Покистон зимни ихроҷи сафири Ҳинд  эълом кард ҳарими ҳавоии худшро ба руи парвозҳои Ҳинд мебандад.

Даври таниш миёни Диҳлии Нав ва Исломобод пас аз он оғоз шуд, ки Вазорати  кишвари Ҳинд эълом кард қасд дорад банди 370 Қонуни асосии ин кишварро бекор кунад. Ин банд ба минтақаи Ҷому ва Кашмир вазъияти худмухторӣ эъто кардааст. Бо эъломи ин тасмим ҷавви Кашмир ба шиддат муташаниҷ шуда ва Покистон ва Чин ба унвони ду кишваре, ки бар сари ин минтақа бо Ҳинд ихтилоф доранд ба ин тасмими Диҳлии Нав эътироз кардаанд .

Барчасп