Таркиши шадид дар Кобул бо 159 захмӣ
Дар таркиши шадид дар ғарби Кобул то кунун 159 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Муовини амнияти вазорати кишвари Афғонистон гуфт;дар ин таркиш 14 нафар кушта ва 145 нафар низ захмӣ шуданд.
Ин таркиш дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул рӯй дод ва пас аз он садои тирандозӣ дар маҳал низ шунида шуд. Ин таркиш наздики пойгоҳи нерӯйи артиш рӯй дод.
Дар ин таркиш Ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул ҳадафи ҳамла бо худрави бомбгузоришуда қарор гирифт, манобеъи бемористонӣ эълом карданд.
Вокуниши раиси ҷумҳурии Афғонистон
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар вокуниш ба таркиши Кобул эълом кард; Толибон барои имтиёзгирӣ дар раванди сулҳ, ғайринизомиён ва таъсисоти умумиро ҳадаф қарор медиҳад. Раёсати ҷумҳурии Афғонистон имрӯз дар баёнияе таркиши худрави бомбгузоришуда дар ғарби шаҳри Кобулро маҳкум кард ва афзуд ; Толибон барои имтиёзгирӣ дар музокироти сулҳ ба ғайринизомиён ва таъсисоти умумӣ ҳамла мекунад,аммо бояд бидонад,ки бо такрори чунин фоҷиъаҳо ва ҷиноятҳои башарӣ на танҳо наметавонад дар музокироти сулҳ имтиёз бигирад,балки дар амалиёти нерӯйи дифоъии Афғонистон дар ҳар гуша ва канори ин кишвар ба шиддат саркуб мешавад. Толибон масулияти таркиши худрави бобмбгузоришуда дар баробари Ҳавзаи шашумми амниятии шаҳри Кобулро бар уҳда гирифтааст.
Вокуниши раиси иҷроии давлати Афғонистон ба таркиши хунини Кобул
Раиси иҷроии давлати Афғонистон эълом кард; Толибон ва дигар душманони Афғонистон бо чунин аъмоли душманонае наметавонад монеъи раванди интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ шаванд. дафтари матбуъотии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар баёнияе дар вокуниш ба таркиши худрави бомбгузоришуда дар баробари Ҳавзаи шашуми амниятии Кобул зимни маҳкум кардани ин таркиш эълом кард; Гурӯҳи Толибон ва душманони Афғонистон бидонанд,ки бо аъмоли душманонаи худ наметавонанд азм ва иродаи мардуми ин кишварро барои рафтан ба сӯи интихобот ва таъйини сарнавишти худро мухтал кунанд. Вай тасриҳ кард; душманони Афғонистон бо роҳандозии чунин ҳамлаҳое дар садади бар ҳам задани муборизаҳои интихоботӣ ва эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни мардум ҳастанд. Раиси иҷроии давлати Афғонистон ба низомиёни афғон дастур дод,ки аз ҳеҷ талоше барои саркуби душманон ва таъмини амнияти шаҳрвандон дареғ накунанд.