Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо яманӣ дар даргириҳои Ъадан
Дар севвумин рӯзи паёпайи даргирӣ миёни гурӯҳҳои ниёбатии Иморот ва Арабистон дар минтақаи Критер ҷунуби шаҳри Ъадан, дастикам 43 нафар аз тарафҳо кушта ва захмӣ шуданд.
Даргирӣ байни нерӯҳои Шӯрои интиқолии ҷунуби вобаста ба Иморот дар Ъадан бо нерӯҳои Абдумансур Ҳодӣ раиси ҷумҳурии барканоршудаи Яман,ки таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ аст, аз якуми моҳи август ташдид шудааст.
Ба гузориши Садо ва симо,дар даргирӣ байни нерӯҳои давлати барканоршудаи Яман бо афроди мусалаҳи Камарбанди амниятӣ мавриди ҳимояти Иморот дар Ъадан,13 нафар аз ҷумла панҷ ғайринизомӣ кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол бо интиқоли даргириҳо миёни аносири мусалаҳи вобаста ба Иморот ва Арабистон ба дохили мақари типи чоруми горди раёсати ҷумҳурӣ дар шимоли Ъадан,то кунун дасти кам 30 нафар кушта шуданд.
Ҳамзамон садҳо хонаводаи яманӣ ба далели шадиди даргириҳо дар Ъадан дар муҳосира ҳастанд ва дар шароити маишатии душворе ба сар мебаранд ба тавре,ки дар паи қатъи об дар минтақаҳои мухталифи шаҳр, ғайринизомиён дархости кумак доранд.
Иморот ва Арабистони Саудӣ пас аз ҳамла ба Яман дар моҳи марти соли 2015, ҳар як бахшҳое аз ин кишварро дар кантроли худ доранд ва аз муздурони маҳалӣ барои амалиёти зидди нерӯҳои яманӣ истифода мекунанд.