Афзоиши шумори қурбониёни туфон дар Чин +акс ва видео
Бо гузашти се рӯз аз вазиши туфони шадид дар Чин омори қурбониёни ин ҳодисаи табиӣ ба 49 тан расид.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, се рӯз пас аз вуруди туфони Лекима ба шарқи Чин мақомоти ин кишвар рӯзи сешанбе эълом карданд омори қурбониёни туфони Лекима дар шарқи ин кишвар ба 49 нафар афзоиш ёфт.
Мақомоти Чин рӯзи сешанбе эълом карданд афзун бар ҷон бохтани 49 тан дар ин туфон аз сарнавишти 21 нафари дигар низ хабарӣ нест.
Тибқи эъломи хабаргузории расмии Чин, туфони Лекима, ки саҳмгинтарин туфони фасл аст ҳамакнун ба сӯи шимоли Чин дар ҳаракат аст.
Ин туфони саҳмгин дар соатҳои аввалия бо суръати 187 километр дар соат шуруъ ба вазидан кард.
То кунун ҳудуди яку ним миллион нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.
То кунун миллиардҳо доллар хасорат бар ҷой гузошта ва беш аз се ҳазор парвозро низ бекор кардааст.