Бачаҳои амрикоӣ бо борхалта (сумка)-и зиддитир ба мактаб мераванд+видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45867-Бачаҳои_амрикоӣ_бо_борхалта_(сумка)_и_зиддитир_ба_мактаб_мераванд_видео
Ширкатҳои амрикоӣ дар фасли харидҳои пеш аз бозгушоии мактаб бо бештарин тақозо барои сумкаи мактабии зиддитир ру ба ру ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 13, 2019 11:54 Asia/Dushanbe

Ширкатҳои амрикоӣ дар фасли харидҳои пеш аз бозгушоии мактаб бо бештарин тақозо барои сумкаи мактабии зиддитир ру ба ру ҳастанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дар паи тирпарониҳои маргбори ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Эл Пасо ва Дейтон-и Амрико, фуруши  сумкаи мактабии зиддитир барои кудакон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ширкатҳои амрикоии фурушандаи ин намуд сумкаҳо мегӯянд дар фасли харидҳои пеш аз бозгушоии мактаб бо бештарин тақозо барои ин сумкаҳо ру ба ру ҳастанд.

Мунтақидон мегӯянд афзоиши фуруши ин сумкаҳо натиҷаи баҳрабардории фурушандагон аз тирпарониҳои ахир ба унвони токтике барои фуруши бештар ва сӯистифодаи онҳо аз нигаронии волидайн барои фарзандони худ аст.

Ба гуфтаи ин ширкатҳо сумкаҳои мактабии тавлидшуда дар баробари тирҳо 9 ва 44 милиметрӣ муқовим ҳастанд ва истифодаи онҳо монанди пушидани ҷилиқаи зиддитири полис аст.

Ду ҳодисаи тирпаронии ахир дар Эл Пасо ва Дейтон дар маҷмуъ 31 кушта бар ҷой гузошт.