Панҷ кушта дар инфиҷоре дар Майдон Вардаки Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45881-Панҷ_кушта_дар_инфиҷоре_дар_Майдон_Вардаки_Афғонистон
Инфиҷоре дар Майдон Вардаки Афғонистон ҷони панҷ нафарро гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 13, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Панҷ кушта дар инфиҷоре дар Майдон Вардаки Афғонистон

Инфиҷоре дар Майдон Вардаки Афғонистон ҷони панҷ нафарро гирифт.

Волии вилояти Майдон Вардаки Афғонистон бо баёни ин ки тамоми қурбониён аъзои як хонавода ҳастанд, гуфт, ин инфиҷор субҳи имрӯз, сешанбе дар вулусволии Ҷағтуй ҳангоме рӯй дод, ки яке аз худравҳо бо як бомби канориҷодаӣ бархӯрд кард. Музаффаруддин Ямин афзуд, дар пайи ин инфиҷор се нафари дигар захмӣ шуданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Майдон Вардак аз вилоятҳои нисбатан ноамни Афғонистон аст ва Толибон дар бархе аз бахшҳои он ҳузур дорад.