Август 15, 2019 14:27 Asia/Dushanbe
  • Оғози парвози паҳподҳои Туркия дар шимоли Сурия

Парвози паҳподҳои Туркия дар шимоли Сурия оғоз шуд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА вазорати дифоъи Туркия, бо судури баёнияе эълом кард, ки дар чорчуби талош барои эҷоди «минтақаи амн» дар шимоли Сурия бо ҳамоҳангии Амрико, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин(паҳподҳо)и Туркия шурӯъ ба парвоз дар ин минтақа кардаанд.

 Тибқи ин баёния талошҳо бо ҳадафи шурӯъ ба кори маркази амалиёти муштарак, ки қарор аст дар ҷануби Туркия ва дар чорчуби барномарезӣ барои эҷоди минтақаи амн дар шимоли Сурия бо ҳамоҳангии Амрико сохта шавад, идома дорад ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин шурӯъ ба анҷоми вазоифи худ дар минтақа кардаанд.

 Ин дар ҳоле аст, ки ҳамкории Туркия ва Амрико барои ин амалиёти низомӣ пас аз чоназаниҳои бисёр сурат мегирад ва вазири дифоъи Туркия рӯзи сешанбе бар зарурати ҳамкории Анқара - Вашингтон дар шимоли Сурия таъкид кард ва гуфт, ки дар сурати бурузи бархе мушкилот дар ҳамкории байни ду кишвар барои эҷоди минтақаи амн, тарҳҳои баъдӣ иҷро хоҳад шуд. Тарҳҳои дигаре вуҷуд дорад, ки Туркия ба таври якҷониба вориди амал хоҳад шуд.

 Вазири дифоъи Туркия дар мавриди умқи минтақаи амн дар шимоли Сурия низ гуфт: Ҳамвора эълом кардем, ки як умқи 30 то 40 километрӣ барои ташкили ин минтақаи амн ниёз аст. Ин мавзӯъ тавассути Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия низ матраҳ шудааст.

Талоши Туркия барои ин аст, ки курдҳо, ки Амрико аз онҳо ҳимоят мекунад, аз марзҳои ҷанубии ин кишвар дур бимонанд. Туркия гурӯҳҳои курдро террористӣ медонад.

 

Барчасп